Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) 24 сентябр баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси раис иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Гуфта мешавад, зимнан вазир ба муносибати анҷом ёфтани давраи раёсати Тоҷикистон дар МҲТЭ ба кишварҳои узв барои дастгирӣ ва иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо тайи ин ду сол изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв ҳамкориҳои гуногунҷанбаро идома хоҳад дод.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиёро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли равон ба уҳда дошта, дар ҷаласа раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Қазоқистон супорид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста