Ҳайати сершумору воломақоми ҳукумати Ӯзбекистон, ки ба он роҳбарони қариб ҳамаи вазорату идораҳои кишвари ҳамсоя шомиланд, субҳи имрӯз ба Душанбе ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳайати ҳукуматро гурӯҳи сершумори тоҷиронӣ ӯзбек ҳамроҳӣ доранд, ки пагоҳ, 29 сентябр дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Имрӯз дар вазорату идораҳои соҳавии Тоҷикистон бо намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон вохӯриҳо баргузор шуда, дар доираи онҳо масоили боз кардани сарҳад байни давлатҳо ва барқарор намудани парвози ҳавопаймоҳо байни Тошканду Душанбе, ки бар асари пандемияи коронавирус аз 16 март қатъ шуда буданд, баррасӣ мешаванд.
Ҷонибҳо имрӯз ба масоиди густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду молия, энергетика ва нақлиёт, фарҳангу маориф, савдо ва сайёҳӣ, саноату илм низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.
Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аввалин роҳбари ҳукумати кишвари хориҷӣ аст, ки пас аз оғози пандемияи коронавирус аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Абдулло Орипов аз ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид намуда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.
Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон аз 1 октябр сарҳадҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилгардро барои ҳамаи кишварҳо боз мекунад.
Вуруд ба Ӯзбекистон барои шаҳрвандон аз кишварҳои “минтақаи сабз” бе маҳдудият иҷоза дода мешавад. Ба “минтақаи сабз” Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон (Венгрия), Финландия, Латвия, Австрия ва Ҷопон шомиланд. Шаҳрвандони ин кишварҳо ва шахсоне, ки тайи ду ҳафтаи охир дар қаламрави ин кишварҳо қарор доштанд, бидуни ягон маҳдудият ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда метавонанд.
Шаҳрвандони боқимонда кишварҳо бояд тести натиҷааш манфии коронвирусро пешниҳод намоянд, ки муддати 72 соати охир гирифта шудааст ва ду ҳафтаро дар хона ё меҳмонхона дар карантин гузаронанд. Шахсоне, ки тести натиҷааш манфии коронавирус надоранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста