Дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 сентябр ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ба ҷуз маълумоти умумӣ, дар бораи ҷузъиёти масоили дар он матраҳшуда хабар дода намешавад.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд.
“Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд”, - қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, гардиши савдо байни давлатҳо 30 баробар афзуда, 12 млн доллари соли 2015 ба 362 млн доллар дар соли 2019 расид. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил медиҳад. Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад.
“Аснои баргузории ҷаласа ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд”, - қайд мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд доир гашта, дар охири кори ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссия қарорҳои зарурӣ ба имзо расониданд.
Интизорӣ мерафт, ки дар ҷаласа ҷонибҳо масоили ифтитоҳи сарҳад ва барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳоро баррасӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста