Дар интихоботи президентии ИМА тақрибан 100 миллион нафар овоз доданд. Бино ба гузориши CNN дар шаҳри хурди Амрико Диксвилл Нотч (Ню-Ҳемпшир) натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ИМА ҷамъбаст карда шуданд.
Номзади демократҳо, собиқ ноиби президенти ИМА Ҷо Байден ҳамаи панҷ раъйро ба даст овард. Диксвилл Нотч яке аз аввалин шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида гардид, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро ҷамъбаст кард. Қитъаи овоздиҳӣ дар ин шаҳр пас аз нисфи шаб кушода шуд. Ҳар касе, ки ҳаққи раъй дошт, дар тӯли якчанд дақиқа раъй дод.
Дар шаҳри ҳамсоя Миллсфилд, ки дар он нуқтаҳои раъй низ дар нимашаб кушода шуданд, номзади ҷумҳурихоҳон, президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп пирӯз шуд. 16 интихобкунанда ба ӯ, панҷ нафар ба Байден овоз доданд.
Тавре ки CNN мегӯяд, Диксвилл Нотч ҳамеша диққати рӯзноманигоронро ҷалб мекунад, аммо натиҷаҳои интихобот дар шаҳр одатан имкон намедиҳанд, ки президенти ояндаи ИМА муайян шавад. Тавре соли 2016 Ҳиллари Клинтон дар ин шаҳр пирӯз шуд, аммо коллеҷи интихоботӣ пирӯзиро ба Трамп дод.
Дар матлаби Лоиҳаи интихоботи Иёлоти Муттаҳидаи Донишгоҳи Флорида гуфта мешавад, ки дар интихоботи президентӣ аллакай зиёда аз 99 миллион интихобкунандаҳо, шахсан ё тавассути почта овоз доданд. Ин тақрибан 40%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Чӣ гуна шоҳроҳи нави Обигарм - Нуробод ҳаёти одамон ва манзараи Тоҷикистонро тағйир медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста