Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқия ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамла ба Донишгоҳи Кобулро маҳкум кард. Дар ин номаи таслият Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву таслияти амиқи худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон гардидааст.
Дар ин барқияи изҳори таслият раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид".
Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳамсоягии кишварашро чунин изҳор кардааст:
"Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд".
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон, 3 ноябр дар як суҳбати телефонӣ бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ истиқбол намуда, гуфтааст, ки "Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар мавриди пуштибонӣ аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми Афғонистон ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии кишвар баён доштаааст.
Рӯзи 2 ноябр Донишгоҳи Кобули Афғонистон мавриди тирборони се муҳоҷим қарор гирифт. Ин се террорист ба як маросими китоби донишҷӯён ҳамла карданд. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс”, дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста