Насим Олимзода, вазири пешини тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон таъин шудааст.
Ин хабарро Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба “Азия-плюс” таъйид кард.
Пеш аз ин бархе расонаҳо хабар дода буданд, ки Насим Олимзода мудири бемористони Шифобахш, ки бо номи Қарияи Боло низ маъруф аст, таъин шудааст. Вале баъдтар ин хабар таъйид нашуд.
Насим Салимзода баъди шуйъи коронавируси COVID-19, пас аз он ки Тоҷикистон вуҷуди вирусро дар кишвар эътироф кард, дар ибтидои моҳи май аз вазифа барканор шуд.
Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ҳамчунин бо номи “Клиникаи Мансуров” низ маъруф мебошад, ки соли 1959 аз сӯйи академик Ҳомид Мансуров таъсис шудааст ва нахустин пажуҳишггоҳ дар сатҳи Шӯравӣ буд.
Насим Олимзода дар мақоми мудири Пажӯҳишгоҳ ба ҷойи Саодат Азимзода омад, ки двувм ҳамакнун муовини мудири Пажуҳишгоҳ таъин шудааст.
Насим Олимзода доктори улуми тиб аст. Ӯ солҳо дар мақомҳои гуногуни Вазорати тандурустӣ кор кардааст. Солҳои 2014-2017 муовини вазир ҳам буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста