Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Дар ин суҳбат Амири Қатар Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар барои пирӯзӣ дар интихоботи 11-уми октябр табрик кардааст.
Дар ин суҳбат, ки вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ шудааст, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад”.
Дар хабарномаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳи ҳанӯз ҳам захираҳои истифоданашуда зиёданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин суҳбат ба Давлати Қатар барои ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятии COVID-19 изҳори сипос намудааст.
Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон пазируфтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста