Салоҳуддин Раббонӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Афғонистон ва раиси ҳизби Ҷамъияти исломии ин кишвар аз як мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик хабар додааст. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз ҳеч гуна мулоқоти Эмомалӣ Рамон бо ин чеҳраи сиёсии Афғонистон хабар нашр накардааст.
Салоҳуддин Раббонӣ дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки дар ҷараёни сафаре, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштам, бо мақомоти мухталифи ин кишвар, машмули ҷалолатмаъоб раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ сурат гирифт.
“Дар дидоре, ки бо ҷалолатмаъоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон доштам, бо ибрози итминон аз меҳмоннавозии самимона ва бародаронаашон интихоби муҷаддадашонро табрик гуфтам”.
Раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон ҳамчунин навиштааст, ки “дар ин дидор перомуни равобити Афғонистону Тоҷикистон, авзои сиёсиву амниятии Афғонистону минтақа ва ҳамчунон раванди гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон суҳбат намудем. Ҳамчунон дидгоҳҳои Ҷамъияти исломӣ дар перомуни гуфтугӯҳои сулҳ ва масоили минтақа мавриди баҳс қарор гирифт”.
Раббонӣ ҳамчунин аз як дидори ҷудогонаш бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ хабар додааст. Аммо дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз ин мулоқот хабаре надодааст.
Вазири пешини корҳои хориҷии Афғонистон ҳамчунин дар ин навиштааш гуфтааст, ки бо шуморе аз мақомоти дигари Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ доштааст.
Аммо мақомҳо ва расонаҳои расмии Тоҷикистон дар бораи ҳузури Салоҳуддин Рабонӣ дар Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯҳояш бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун иттилои расмие нашр накардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста