Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм дар як мусоҳиба бо маҷаллаи ОCA (Open Central Asia) гуфтааст, ки мо мунтазири ҷолибтар шудани бозори Тоҷикистон барои сармоягузорони байналмилалӣ ҳастем. Поммершейм ҳамчунин дар ин мусоҳибааш аз шеърдӯстдории тоҷикон, шоироне чун Рӯдакиву Румӣ, қурутоб, мусиқӣ, имконоти сайёҳӣ ва оиладории тоҷикон тавсиф кардааст.
Ҷон Марк Поммершейм дар посухи ба суоли чӣ ҳамкориҳои иқтисодие Амрикову Тоҷикистон доранд, гуфтааст, ки мо интизорем, ки бозор барои сармоягузорони байналмилалӣ ҳарчи бештар ҷолибтар хоҳад шуд, ки ин метавонад ба рушди иқтисодӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми минтақа оварда расонад.
“Мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамкории зич дорем. Корпоратсияҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ кафолати шароити баробарро мехоҳанд, то ки сармоягузории онҳо бо волоияти қонун ҳифз карда шавад”- гуфтааст сафир.
Сафири ИМА дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ки Тоҷикистон фарҳанги беназир ва аҷоиб дорад. Шоирон, ба мисли Румӣ ва Рӯдакӣ, хеле машҳуранд ва мусиқӣ дар инҷо, аз мусиқии попи анъанавӣ то мусиқии муосир хеле форам ҳастанд ва гӯш кардани онҳо хеле гуворо аст.
Поммершейм гуфтааст, ки қабл аз ин ки ба Тоҷикистон биояд, шунида буд, ки алоқаи Тоҷикистон ба шоиронаш беҳудуд аст ва вақте омад, ин шунидааш яқин шуд. Ӯ гуфтааст, ки ҳатто вақте барои писаронаш аз шоирони тоҷик порчаҳо мефиристад, онҳо ҳам таваҷҷуҳи ғайриинтизоре кардаанд. Сафири ИМА шеъри “Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-и Рӯдакиро дархӯри ҳоли дипломатҳое гуфтааст, ки солҳои тӯлон дар кишварҳои дигар ба дур аз наздикону пайвандонашон зиндагӣ мекунанд.
Сафир бо ишора ба шеърдӯстдориву шоиргароии тоҷик гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон шеърро дар ҳама ҷо дидан ва шунидан мумкин аст: ҳатто вақте ки ҳамёнатонро мекушоед, шумо дар болои пулҳои кишвар шоиронро мебинед”.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин аз эҳтироми тоҷикон ба хонавода ва пиронсолон ситоиш карда, гуфтааст, ки “шояд баъзеҳо дар Иёлоти Муттаҳида аз ин огоҳ набошанд”.
Дипломати амрикоӣ гуфтааст, ки қурутоби тоҷикон барояш “махсусан писанд аст”. Ӯ ҳамчунин аз меваву сабзавоти аълои Тоҷикистон, ҳамкориҳои энергетикӣ, имконоти сайёҳии Тоҷикистон ситоиш карда гуфтааст, ки “Тоҷикистон ҳамчун яке аз зеботарин кишварҳои ҷаҳон эътибори шоиста дорад”.
Сафири ИМА гуфтааст, ки забони тоҷикиро меомӯзад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш куҳгардӣ дар Тоҷикистонро бисёр хуш дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста