Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки қаблан дар сатҳи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмон қабул шуда буданд, тасдиқ карданд.
Муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни суханрониаш дар ин хусус қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд ба ҳайати Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД ба ғайр аз президентҳои кишварҳои аъзо, роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмон низ шомил шуда метавонанд.
Ғайр аз ин, тибқи тағйироти тасдиқшуда, минбаъд Дабири кулли СААД, муовини ӯ ва аъзои оилаи онҳо мақоми дахолатнопазирии дипломатӣ мегиранд.
Ёдрас мекунем, ки таъсиси СААД аз имзои Шатнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд (Ӯзбекистон) 15 майи соли 1992 аз ҷониби сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз гардид. Баъдан соли 1993 ба он Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ҳамроҳ шуданд. Бо анҷоми расмиёт дар сатҳи миллӣ Шартнома 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Соли 1999 Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Санад (Протокол) дар бораи тамдиди муҳлати амали СААД-ро ба имзо расониданд, ки бар асоси он ҳайати нави кишварҳои узв ташкил шуда, тартиби автоматии дароз кардани муҳлати амали Шартнома дар давраҳои панҷсола муқаррар шуд (Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон) аз узвият дар Созмон даст кашиданд).
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста