Cафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 23 декабр дар Ҷидда эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин Созмон ва ниҳодҳои зерсохтории он баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.
Гуфта мешавад, инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 табодули назар карданд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкории исломӣ пазируфта шуда, соли 2007 узви Иттифоқи парлумонии Созмон шуд. Оинномаи нави СҲИ-ро парлумони Тоҷикистон 8 декабри соли 2009 тасдиқ кард.
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ чорабинӣ ва ташаббусҳои зерин амалӣ шуданд:
- баргузории ҷашнҳои олимони маъруфи фарҳанги исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ дар сатҳи умумимиллӣ;
- барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ дар Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшон ва Муъминобод;
- тарҷума ва нашри китоби Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ва туҳфаи он ба аҳолӣ, инчунин нашри асарҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳони ислом.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста