Русия алайҳи Алексей Навалний яке аз раҳбарони мухолифи давлат дар ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Кумитаи тафтишотии Русия ин раҳбари мухолифини русро дар дуздии миллионҳо рубли хайрия барои созмони ыамъиятии зери ращбарияш муттаҳам медонад.
Муфаттишони ин ниҳод гуфтаанд, ки Навалний пулҳои хайрияро барои манфиатҳои хусусиаш истифода бурдааст. Алексей Навалний баъди заҳролудшавии мармуз ба Олмон бурда шуда буд, ки ҳоло дар онҷо муолиҷа мешавад.
Бар асоси парвандаи нав, агар Навалний ба Русия боз гардад имкон дорад барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шавад.
Алексей Навалний дар посух ба ин амалкарди мақомоти кишвараш гуфтааст, ки “иттиҳомот беасос аст ва ҳукумат мехоҳад, аз ӯ барои зинда мондан ва ошкор кардани маъмурони амниятӣ, ки мехостанд, ӯро бикушанд, қасос бигирад”.
Алексей Навалний пас аз ин ки аз заҳролудшавӣ ҷон ба саломат бурд, дар чанде аз матолиби таҳқиқотӣ ба василаи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки заҳролуд шуданаш кори дасти хадамоти амниятии Русия буд.
Алексей Навалний, ки як созмони мубориза бо коррупсия дорад, чандин сол аст, дар бораи фасоду ришвахорӣ дар байни мақомоти баландпояи Русия гузоришҳои таҳқиқотӣ нашр мекунад. Ӯро то кунун чандин бор барои муддатҳои кутоҳ зиндонӣ карда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста