Расонаҳои амрикоӣ хабар медиҳанд, ки дар ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп раисҷумҳури барҳоли ИМА ба бинои Конгресс дар шаҳри Вашингтон як зан кушта шудааст. Расонаҳо аз ин зан Эшли Бобит ном бурдаанд ва гуфтаанд, ки ӯ бо зарби тир кушта шудааст.
Расонаҳо гуфтаанд, ки ин зан солҳо дар неруҳои ҳавоии ИМА хидмат карда будааст ва зоҳиран ҳамроҳ бо ҷамъи ҳаводорони Трамп ба бинои Конгресс ворид шудааст.
Ба гузориши бахши форсии BBC шабакаи телевизионии "Фокс 5", ки бо наздикони ин зан суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки дар ҳақиқат Эшлӣ Бибит аз ҳаводорони Трамп буд.
Гуфта мешавад, ки ин зан тахминан соати 15.00 ба вақти Вашингтон тир хӯрдаасту ба бемористон интиқол дода шудааст, вале марги ӯ баъдтар эълон шудааст.
Бархе расонаҳо гуфтаанд, ки ӯ аз зарби тири пулис кушта шудааст.
Рӯзи чоршанбе шумори зиёде аз тарафдорони Трамп ба назди бинои Конгресс ё парлумони Амрико омаданд, ки онҷо ҷаласаи муштараки маҷлисҳои Конгресс бояд натиҷаи интихоботи моҳи январро таъйид мекард. Ҳаводорони Трамп ба эътирози муослиматомез қаноат накарда ба Капитол ҳамла карданд ва ба дохили он даромада маҷлисро пароканда карданд. Дар натиҷа неруҳои посбони маҷлис ва неруҳои вижа барои пароканда кардани муътаризин даст ба кор шудаанд.
Худи Донал Тармп, ки рӯзи чоршанбе ҳаводоронашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорӣ мекардааст, баъдан аз тарафдоронаш хост, ки даст аз эътироз бардоранд ва хушунаткорӣ накунанд.
Дар натиҷаи фаъолмандии Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ Твиттер, Инстаграм ва Фейсбук саҳфаи ӯро бастанд.
Се президенти собиқи ИМА Билл Клинтон, Ҷорҷ Буши писар ва Борак Обама ин кори Трамп ва ҳаводоронашро маҳкум кардаанд.
Клинтон гуфтааст, ки "мо имрӯз шоҳиди ҳамлаи бесобиқае ба Камитоламон, Қонуни Асосиамон ва кишварамон будем".
Ҷорҷ буши писар гуфтааст, ки "ба натиҷаҳои интихобот ин гуна дар "кишварҳои бананӣ" мухолифат мекунанд, на дар кишвари демкоратии мо".
Борак Обама гуфтааст, ки "таърих ин ҳамла ба Капитолро ҳамчун натиҷаи рӯғанрезии президенти барҳол бо дуруғгӯйиҳои беасосаш дар мавриди натиҷаҳои интихоботи қонунӣ ва ба унвони лаҳзаи шармандагие бузурге барои кишвари мо дар хотир хоҳад дошт".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста