Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои нишасти 41-уми Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, ки 5 январи 2021 дар ал-Уло, Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор шуд, истиқбол мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ин робита.
Иштирокчиёни нишаст дар бораи оштишавӣ бо Давлати Қатар созишнома ба имзо расониданд.
Дар қарордод оид ба хотимаи буҳрони дипломатӣ дар Ховари Миёна, ки вобаста ба макони имзояш “Изҳороти Ал-Уло” ном гирифт, бекор шудани муҳосира нисбати Қатар, инчунин ифтитоҳи сарҳадҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ бо ин кишвар пешбинӣ шудааст.
Ба созишнома Баҳрайн, АМА, Қатар, Кувейт, Уммон, Арабистони Саудӣ ҳамроҳ шуданд. Ба ҷуз кишварҳои Халиҷи Форс, Миср ҳам ба барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Давҳа розигии усулӣ дод.
Дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ба имзо расидани Баёнияи ал-Уло байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Давлати Кувайт, Подшоҳии Баҳрайн, Салтанати Умон, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Давлати Қатарро иқдоми шоиста дар роҳи барқарор сохтани муносибатҳо ва таҳкими амну субот ва шукуфоӣ дар минтақа мешуморад.
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд изҳор доштааст, ки қарори мазкур ба кишварҳои арабӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳои дипломатиро бо Қатар барқарор созанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2017 Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб эълом доштанд, ки муносибатҳои дипломатиашонро бо Қатар қатъ мекунанд. Намояндагони ин кишварҳо Давҳаро дар ташаннуҷи вазъи сиёсии дохилӣ дар кишварҳои арабӣ, инчунин дастгирии созмонҳои террористӣ айбдор карданд. Баъдан ба ин таҳрим Яман, Либия, Малдив, Маврикия, Мавритания ва Иттифоқи Ҷазираҳои Комор пайвастанд.
Ҳукуматдорони Қатар ҳамаи иттиҳомро рад намуда, муҳосираро суиқасд ба соҳибистиқлолӣ номида буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста