Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Илҳом Алиев раисҷумҳури Озорбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян имрӯз дар Русия мулоқот мекунад. Гуфта мешавад дар ин мулоқот мавзуъи асосӣ ва ягонаи мавриди баҳс Кӯҳистони Қарабоғ аст. Ин иттилоро мақомҳои Кремлин нашр кардаанд.
Ба иттилои Кремл, дидори Путин бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи душанбеи 11-уми январ дар Маскав баргузор мешавад. Дар иттилоияи Кремлин гуфта мешавад, ки Владимир Путин ба таври ҷудогона бо роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон дидор хоҳад кард.
Гуфта мешавад дар ин дидор масоили ҳалношудаи Кӯҳистони Қарабоғ бояд ба баҳс кашида шавад.
“Диққати асосӣ ба масъалаи расондани кӯмак ба сокинони минтақа хоҳад буд, ки дар натиҷаи ҷанги ахир осеб дидаанд. Дар айни ҳол масъалаҳои барқарор кардани равобити тиҷорӣ ва доду гирифт низ гуфтугӯ мешавад,”-омадааст дар иттилоияи Кремл.
Тибқи тавофуқи оташбас, ки бо миёнҷигии Русия ҳосил шуд, бахши бузурги Қарабоғи Куҳӣ ва ҳафт минтақае, ки тақрибан 30 сол дар ихтиёри Арманистон буд, таҳти назорати Озарбойҷон даромад.
Бар пайи ин тақсимот дар Арманистон эътирозҳо алайҳи Никол Пашинян зиёд шуд ва муътаризин хостори истеъфои ӯ шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Чӣ гуна шоҳроҳи нави Обигарм - Нуробод ҳаёти одамон ва манзараи Тоҷикистонро тағйир медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста