Дар Тоҷикистон сохтори нав - Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Инро Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард ва дастур дод, ки сохторҳои марбут чораандешӣ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ташкили ин сохтори навро барои роҳандозии иқтисодӣ рақамӣ ва ҳукумати электронӣ зарур шуморид, ки ба иқрори эшон, Тоҷикстон дар ин росто хеле ақиб мондааст.
"Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста