Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ширкаткунандагони конфронс зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки дар конфронси мазкур раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвар дар шакли ҳузури бевосита, 16 кишвари мададрасон ва 16 созмони минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар шакли маҷозӣ (онлайн) иштирок доранд.


Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам пайваста, мардуми шарифи ин кишвари бародар бо тоҷикистониён ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихиашон ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

“Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем, - гуфт ӯ. -  Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

“Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.