Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара боздид мекунад. Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.
“Дарвоқеъ, президент аз Ворух боздид мекунад, вале санаи дақиқи сафар ҳоло номаълум аст. Дар даҳаи аввали моҳи апрел сафари кории президент ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд пешбинӣ шудааст. Ӯ аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Гулистону Исфара боздид мекунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии президент Абдуфаттоҳ Шарифзода.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаи “Азия-Плюс” дар дастгоҳи ҳукумати вилоят, сафари президент рӯзҳои 5-8 апрел дар назар аст.

“Дар ҷамоат корҳои ободонӣ ҷараён доранд. Зимни сафар ифтитоҳи зиёда аз 10 иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва вохӯрии сарвари давлат бо сокинон ва фаъолони ҷамоат ба нақша гирифта шудааст”, - иброз дошт манбаъ.
Аз ҷумла майдони Парчами миллӣ, бинои таъмиру навсозишудаи “Кохи фарҳанг”, бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ, маҷмааи фароғатӣ ва варзишӣ, хати нави интиқоли оби нӯшокӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Сокинони ҷамоат хабар доданд, ки чандин моҳи ахир ба сафари сарвари давлат омодагӣ мегиранд: кӯчаву роҳ ва намои биноҳо таъмиру обод мешаванд.
“Хеле умедворем, ки президент дар ин сафар бо мо - сокинон вохӯрда, ба ҳарфҳои мо гӯш медиҳад ва ин сафар ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла мушкилот дар сарҳад мусоидат мекунад. Аз изҳороти раиси КДАМ-и Қирғизистон хеле ғамгин шудем ва сафари президент нишон медиҳад, ки ҳукумат ба тақдири Хоруғ бетараф нест”, - зикр кард сокини Ворух.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста