Тоҷикистон имсол дар шохиси озодии баён боз як зина поинтар рафт ва дар миёни 181 кишвар мақоми 162-юмро гирифт. Ин гузориш ҳамасола дар пешорӯйи рӯзи ҷаҳонии озодии баён аз сӯйи "Гузоришгарони бидуни марз" нашр мешавад.
Таҳиягарони гузориш гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон мақомот, мисли Русия, “мубориза бо хабарҳои дурӯғин дар бораи COVID-19-ро ҳамчун баҳонаи маҳдудкунии минбаъдаи матбуот истифода карданд”.
Дар ин гузориш аз Тоҷикистон ба унвони як кишвари худкома ном бурда мешавад ва гуфта мешавад, ки мақомот имкон доранд ҳама гуна хабар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бемориҳои сироятӣ ҳамчун хабари "бардурӯғ" ва "носаҳеҳ" ҳисоб кунанду муаллифони онҳо бидуни ду маоши ҳадди аққал бимонанд ё барои 15 рӯз маҳбус шаванд.
Ба гуфтаи муаллифони гузориш ин рӯзноманигоронро дар истифодаи иттилотти марбут ба Covid-19 ба худсонсурӣ савқ додааст, ба ҷуз хабарҳои расмӣ.
Дар мақоми 162 қарор гирифтани Тоҷикистон дар ҳолест, ки солҳои қабл кишвари мо дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва Осиёи Марказӣ яке аз мақомҳои аввалро дошт. ИН нукта ҳатто боиси ифтихори Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашнгирии 100-солагии матбуоти тоҷик шуда буд.
"Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба таъбири дигар, матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд",-гуфта буд президенти кишвар дар суханронияш.
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки дар 132 кишвари ҷаҳон рӯзноманигорон ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.
Русия дар шохиси имсола боз як зина пойинтар рафта мақоми 150-уро гирифтааст. Белорус (мақоми 158) саркӯбкунандатарин ва хатарноктарин кишвари озодии баёнд дар Аврупо ном бурда шудааст.
Дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама хубтарро Қирғизистон (79) дорад. Ба дунболи он Қазоқистон дар мақоми 155, Узбакистон 157 ва Туркманистон аз ҳама бадтарин дар Осиёи Миёна ва яке бадтаринҳо дар сатҳи ҷаҳон мақоми 178-ро гирифтаанд.
Имсол ҳам мисли солҳои қабли Норвеж, Финлонд ва Шведсия мақоми се кишвари аввали аз ҳама роҳат ва муносиб барои фаъолияти рӯзноманигориро ҳифз кардаанд.
Тоҷикистон соли 2009 дар ин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама баландтар 113-ум ҷой дошт. Қирғизистон он замон дар мақоми 125, Қазоқистон 142, Узбекистон 160-е место ва Туркманистон дар мақоми 173 қарор доштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста