Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни мулоқот бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар робита ба барқарорсозии сулҳу амният дар ин кишвар, Вазорат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар доираи Созишномаҳои байниҳукуматӣ омода аст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Муҳаммад Зоҳир Ағбар иброз доштааст, ки пас аз баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе тақрибан ҳар ҳафта аз Афғонистон садҳо нафар бо мақсади таҳсилу омӯзиш ва таҷрибаандӯзӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
“Роҳбари давлати Афғонистон бо дидани фазои орому амн ва зебоиҳои шаҳри Душанбе ба намояндагони ҳукумати кишвараш дастур додааст, ки пас аз анҷоми кори конфронс дар ҳайати як гурӯҳи кории омӯзишӣ дубора ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ҳозир шаванд ва омилҳои амният, сулҳ, осоиштагии ҳаёти мардум ва зебоиҳои пойтахти Тоҷикистонро омӯзанд ва натиҷаи омӯзишу бардоштҳояшонро дар шаҳри дар амал татбиқ намоянд”, - гуфтааст сафир.

Сафир инчунин зикр кардааст, ки роҳбарияти олии ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар изҳори омодагию ҳамкорӣ кард, ки дар қалби ҳар шаҳрванди худогоҳи Афғонистон ҳисси хушнудию умедворӣ ба ояндаи дурахшон дигарбора бедор шуд.
“Ин Конфронс барои мардуми кишвари мо дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла, дар самти омӯзиши илму дониш дар кишвари Тоҷикистон роҳҳои нав боз намуд ва имконоти ҷадид фароҳам овард, - илова кардааст ӯ. - Мо боварӣ дорем, бо истифодаи дурусту мукаммали имкониятҳои бавуҷудомада дар ҳар самту соҳае ба натиҷаҳои назарраси барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ноил мешавем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста