Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбековро ба сафорат эҳзор кардаву ба дасти ӯ нотаи эътирозӣ супурдааст. Дар ин бораи торнамои ВКХ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон ин ёддоштро 27 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як мулоқот бо изҳори нигаронии амиқ супурдааст.
Дар ёддошти Тоҷикистон аз қазияи лату кӯби ду шаҳрванди ноболиғи кишвар нигаронӣ шудааст.
"Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон ёддошт супорид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз амалҳои ғайриқонунии намояндагони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон нисбат ба ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар минтақаи Кулики Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара изҳори нигаронии амиқ кардааст",- гуфта мешавад дар ин хабарномаи ВКХ.
Ҳусейнзода ба сафири кишвари ҳамсоя ғайри қобили қабул будани чунин амалҳои ғайриқонуниро, ки сабаби ташаннуҷ дар минтақаи наздимарзӣ гардидаанд, изҳор кардааст.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи он ба ҷониби Тоҷикистон хабар диҳанд.
Ин мақоми вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҷонибдори рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Қирғизистон дар шароити сулҳ, субот ва эҳтироми тарафайн дар асоси анъанаҳо ва арзишҳои муштараки маънавию фарҳангии ду халқи бародар мебошад.

Ин ёддошти эътирозии Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш ҷониби Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализодаро ба гуфти мақомоти ин кишвар дар пайванд ба рабудани ду шаҳрванди Қирғизистон - ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ба ВКХ эҳзор кардаву нота дода буд.
Бояд гуфт, ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки 25-уми апрел ҳангоми чаронидани гов дар мавзеъи чарогоҳи болотари маҳаллаи Заҳматободи ҷамоати Ворух хонандагони синфи 8 О. Ғафуров ва И. Саидов ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикитонро марзбонони Қирғизистон рабудаву латукӯб кардаанд.
Дирӯз ҷузъиёти ин қазияи рабудан ва лату кӯбро "Азия-Плюс" ҳангоми суҳбат бо мақомоти маҳалии ҷамоати Ворух ва падари яке аз ин ноболиғон пешниҳод карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста