Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як баёния бори дигар аз муҳоҷирони тоҷике, ки дар қаламрави ин кишвар ҳастанд хостааст, ки агар то ин дам ба далелҳои гуногун будубоши худро қонунӣ накардаанд, ин корро тезтар анҷом диҳанд.
Сафорат гуфтааст, ки агар "муҳоҷирон бо сабабҳои гуногун худро ба қайди иқомат (регистрация) нагирифтаанд ва онҳое, ки то ин замон ғайриқонунӣ кор мекунанд, инчунин нафароне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, изҳори хоҳиш менамояд, ки ҳатман ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия (ГУ МВД РФ) дар маҳалли иқомат ҳозир шуда, сабти ном кунанд, яъне ҳолати иқомати (будубоши) худро дар Русия қонунӣ намоянд".
Ҳатто онҳое, ки то ин вақт кор накардаанд, метавонанд патентҳои кории худро тамдид ё нав кунанд гуфтааст намояндагии Тоҷикистон дар Русия.
Ҳамчунин сафорат ҳушдор додааст, ба ин ниҳод шикоятҳо дар мавриди пайдо шудани одамони миёнраву қаллобе, ки муҳоҷиронро бо истифода аз вазъ фиреб кардаанд зиёд шудааст ва аз муҳоҷирон маблағҳои зиёд талаб мекунанд.
"Дар ин робита аз шаҳрвандон қотеона хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок бовар накарда, танҳо аз манбаъҳои расмӣ, яъне аз Сафорати (Хадамоти консулии) Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Русия маълумот гиранд ва мустақилона ба шуъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия муроҷиат намоянд".
Сафорат аз шаҳрвандоне, ки ҳаққи сафар ё вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, хостааст, ки беҳуда талош накунанду ному насабашонро иваз накунанд, зеро афви муҳоҷирон ба онҳо дахл надорад. Ҳамчунин аз онҳое, ки бо ин гуна шароит дар Русия қарор доранд, хоста шудааст, ки ба Тоҷикистон бираванду то анҷоми муҳлати ин тасмим ба Русия сафар накунанд.
Ин ҳушдорҳои Сафорати Тоҷикистон дар Русия бар пайи он аст, ки ҷониб Русия аз тамоми муҳоҷирон хостааст, ки то 15 июни имсол буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, вагарна барои солҳои тӯлонӣ аз Русия ихроҷ мешаванд.
Сафорат аз шаҳрвандон хостааст, ки агар дар замина ба маълумоти иловагӣ ё машварае ниёз дошта бошанд, метавонанд ба рақамҳои телефон ё почтаи электронии зерини Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар тамос шаванд: Тел: +79857400212 +79660732030 +79670260070: E-mail: [email protected]
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста