Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми майи соли равон сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон дар бораи ин сафар танҳо бо як ҷумла маълумот дода шуда, дигар ҷузъиёти он нест.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, зимни гуфтугӯ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, дар ин зимн ҷонибҳо оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
“Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбари давлати Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал оварда, даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти президент.
Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.
Таърихи дақиқи оғози сафар ҳоло маълум нест, лекин ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат, вақти сафари сарвари давлати Қазоқистон бо вақти сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки дар бораи воӯхрӣ дар Душанбе дар моҳи май сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтугуӯи телефонӣ рӯзи 30 апрел ба мувофиқа расиданд.
Дар назар аст, ки ба ҷуз баррасии масоили роҳ надодан ба муноқишаҳо дар марзи давлатӣ, суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров як қатор санадҳои дуҷониба низ ба имзо мерасонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста