Дар Душанбе, имрӯз нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД оғоз шуд. Барои ширкат дар нишаст вазирони корҳои хориҷаи панҷ узви СПАД, аз ҷумла Русия, ба Душанбе омадаанд.
Дар назар аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони нишаст дидор кунад.
Ин нишаст дар пайи он сурат мегирад, ки моҳи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон-ду узви СПАД муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Маълум нест, ки то куҷо ин масъала дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ баррасӣ мешавад.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 18-уми май дар як хабарномаи иттилоъ дода буд, ки "дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод".
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 таъсис ёфта ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста