Бино ба навиштаи расонаҳои русӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон миёни ҳам занозанӣ кардаанд. Бар асари ин занозанб 6 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС ин занозанӣ дар қисмати ҷанубу шарқи Маскав, дар хиёбони Вернадский рух додааст, ки 9 нафарро полис боздошт ва ҷазо додааст. Гуфта мешавад ин занозанӣ шаби 19-уми май рух додааст.
Бар пайи ин даргирӣ, ки пулиси Маскав далели онро "хусумати шахсӣ" унвон кардааст, ду нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ва 7 нафари дигарро барои майдаавбошӣ ҷарима кардаанд.
Пулиси Маскав шумори иштирокдорони ин даргирирро 15 нафар гуфтааст.
Бархе расонаҳои русӣ дар пасманзари инъикоси ин ҳодиса ба даргириҳои марзии ахири Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ишора кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Чӣ гуна шоҳроҳи нави Обигарм - Нуробод ҳаёти одамон ва манзараи Тоҷикистонро тағйир медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста