Ҷо Лара, бозигари нақши Тарзан ҳамроҳ бо ҳамсар ва аъзои дигари хонаводааш дар як садамаи ҳавопаймо ба ҳалокат расид.
Ҳунарманди 58-солаи амрикоӣ аз ҷумлаи ҳафт нафаре мебошад, ки гуфта мешавад рӯзи шанбе дар суқути як ҳавопаймо дар кӯле дар наздикии шаҳри Смирнаи Иёлоти Теннеси Амрико кушта шуд. Дар ин бора СНН бо истинод ба манбаъи худаш хабар медиҳад.
Дар ҳавопаймо Гвен Шамблин Лара, ҳамсари ӯ, ки асосгузори калисои насронӣ аст, низ будааст. Наҷотбахшон мегӯянд, ки пораҳои ҳавопаймо ва боқимондаҳои одамонро дар маҳалли суқут пайдо кардаанд.
Наҷотбахшон дар масофаи тақрибан ним мил аз маҳалли суқут "чанд пораи ҳавопаймо ва инчунин боқимондаҳои инсон" -ро пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи масъулон, Cessna C-501, ки дар он ҳафт нафар сафар мекарданд, тахминан пас аз парвоз аз фурудгоҳи Смирна дар роҳи Палмубич Флорида соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ суқут кард.
Ин ҳавопаймои хурд тақрибан 20 км дар ҷануби Нашвилл дар кӯли Перси Прист суқут кард. Ғайр аз Ҷо Лара ва ҳамсари ӯ, Брэндон Ҳанна, домоди Лара ва ду ҷуфти дигар дар ҳавопаймо будаанд.
Пас аз бозидани нақши Тарзан дар филми телевизионии "Тарзан дар Манҳеттан" дар соли 1989, Лара ҳамон нақшро дар сериалҳои баъдӣ бозидааст.
Вай соли 2002 аз кори ҳунарпешагӣ рафт ва дар карйераи мусиқӣ кор кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста