Ҳаққи раъйи Эронро дар Маҷмааи умумии Созмони милали муттаҳид бекор карданд. Гуфта мешавад, далели ин тасмим қарздории Эрон аз СММ будааст.
Дар ҳоли ҳозир панҷ кишвари дигари узви ин созмон қарздор будаанд, дар ин бораи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш изҳори назар кардааст, хабар медиҳад ABC.
Ҳоло барои барқарор кардани ин ҳаққи худ Эрон бояд16,2 млн доллар пардохт кунад.
Бино ба гуфтаи Гутерриш, аз СММ ҳамчунин Ҷазираҳои Қамар (қарз $871 ҳазор), Сан-Томе и Принсипи ($829 ҳазор), Сомали ($1,4 млн) ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ - $29,3 қарздор будаанд. Агар ин кишварҳо то моҳи сентябр қарзро пардохт накунанд, аз ҳаққи раъй маҳрум мешаванд
Аз ҳаққи раъй маҳрум кардани кишварҳо яке аз муқаррароти дохилии СММ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста