Дирӯз, 6 октябр дар нишасти вижае дар порлумони Фаронса бархе аз вакилон ваъда кардаанд, ки аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар раъси он Аҳмад Масъуд қарор дорад, ҳимоят хоҳанд кард.
Дар ин бора масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсам Назарӣ дар саҳифаи “Твитер”- и худ хабар додааст.
Мавсуф менависад, ки дар ин ҷаласа перомуни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт ва дар он муовини раиси порлумон ва 15 вакил ширкат доштанд.
“Ҳамаи онҳо ваъда супурданд, ки порлумони Фаронса аз муборизаи Ҷабҳаи муҷовимати миллии Афғонистон ва раҳбари он Аҳмад Масъуд барои озодӣ ва демократия дар Афғонистон ҳимоят хоҳанд кард”, - навиштааст Алӣ Майсам Назарӣ.
Дар бораи баргузори ҷаласа, ҳамчунин яке аз вакилони парлумони Фаронса бо номи Eric Ciooti низ дар саҳифаи “Твитер” - аш хабар додааст. Ӯ Алӣ Назарӣ Майсамро ба маҷлис пазироӣ кардааст
Heureux de recevoir à l’Assemblée nationale aux côtés d’@AnnieGenevard, vice présidente de notre assemblée et de mes collègues parlementaires, @alinazary, représentant d’@AhmadMassoud01 et responsable des relations extérieures du Front de résistance nationale d'#Afghanistan. pic.twitter.com/IfgBAZ7XLG
— Eric Ciotti (@ECiotti) October 6, 2021
Ҳимояи бархе аз вакилони парлумони Фаронса дар ҳолест, ки бо даъвати раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи 13 октябри соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Фаронса меравад.
Аз ин пештар, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Эммануэл Макрон зимни суҳбати телефонӣ мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишварро марвиди баррасӣ қарор дода буданд.
“Зимни суҳбати телефонӣ ҳарду роҳбарони давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин, оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд”, навишта буданд расонаҳои Фаронса.
Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот дод.
Ҳоло маълум нест, ки дар сафари худ Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Фаронса ва ё парлумони он масъалаи вазъи Афғонистон ва кӯмак ба дараи Панҷшер, ягона минтақае, ки то ҳол зери тасарруфи “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нагузаштааст, баррасӣ мекунад ё не.




Чӣ гуна шоҳроҳи нави Обигарм - Нуробод ҳаёти одамон ва манзараи Тоҷикистонро тағйир медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста