«Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло дар номинаи китоби назм ва «Кайфар»-и Дилвари Мирзо дар номинаи китоби наср ҳамчун китоби соли 2021 эълон гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2021» рӯзи 17 декабр аз рӯи шаш номина ҷамъбаст гардид.
Дар озмун дар маҷмӯъ, 41 нафар довталаб ширкат намуданд.
Ҳамин тариқ, дар номинаи китоби назм ҷои якумро «Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло, ҷои дуюмро «Дидаи дард»-и Гурез Сафар ва ҷои сеюмро «Нотаи сабз»-и Раънои Хуршед сазовор гардиданд.
Дар номинаи китоби наср, ҷои якумро китоби «Кайфар»-и Диловари Мирзо, ҷои дуюмро «Кӯҳи оҳан»-и Сайдаҳамади Зардон ва Хушқадам Холиқов, ҷои сеюмро «Биё, ки фолат бинам»-и Холиқназар Ҷумъазода гирифтанд.
Дар номинаи асарҳои публисистӣ, таълифи дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ҷои якум, «Дидгоҳи давлатмеҳвар»-и Абдуллоҳи Раҳнамо ҷои дуюм ва «Тоҷикистони дирӯзу имрӯз»-и Ҷаъфар Ранҷбар ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинаи асарҳои назми бачагона ҷои якум ба «Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа»-и Низом Қосим, ҷои дуюм ба «Одоб ҳусни инсон аст»-и Маҳбуба Неъматова ва ҷои сеюм ба «Барбоси ман»-и Нуруллои Ориф сазовор дониста шуд.
Дар номинаи асарҳои насри бачагона, «Ситорачаи даруни себ»-и Сафияи Носир ҷои якум, «Бобо»-и Баҳром Фирӯз (ба забони русӣ) ҷои дуюм, «Дӯстӣ бузург»-и Дурдонаи Зафар (ба забони англисӣ) ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ, ҷои якумро «Қонуни тиб»-и Сайнуриддин Шаҳобиддинов, ҷои дуюмро «Се шоҳкор» Луиҷи Пиранделло «Шодравон Матиа Паскал», Френсис Скотт «Гетсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе «Гурги даштӣ»-и Салими Зарафшонфар ва ҷои сеюмро «Бруно Ясенский ва Тоҷикистон»-и Бурҳон Салмон, Элвира Султонова сазовор гардиданд.
Ба ғолибон диплом ва маблағи пулӣ аз 500 сомонӣ то 1,5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста