Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки имсол дар Тоҷикистон ҳеч гуна чорабиние бахшида ба хатми соли таҳсил миёни мактабхонҳо гузаронида намешавад ва баргузории ин чорабиниҳо расман манъ шудааст.
Ба гуфтаи вазорат дарсҳо барои мактабхонҳои синфи як рӯзи 25-уми май ба охир мерасанд ва донишомӯзони дигар то 1-уми июн дарс мехонанд.
«Соли хониш дар мактабҳои Тоҷикистон, пас аз як ҳафта, 1 июн ба охир мерасад. Имсол дар ин рӯз дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ дарсҳо тибқи ҷадвали таълим бидуни баргузории «занги камолот ва ҷамъомади ботантана» баргузор мегарданд. Дар мактабҳои кишвар баргузории чорабиниҳо ба муносибати хатми мактаб барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 мисли солҳои пеш манъ аст», - гуфтанд дар Вазорати маориф ба "Азия-Плюс".
Дар Вазорати маориф гуфтанд, ки ба тамоми мудирони мактабҳо ва мудирони шуъбаҳои маориф ҳушдор дода шудааст, ки аз анҷоми соли хониш таҷлил накунанд ва дар ин мавзӯъ дар миёни хатмкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил буд ва он то соли 2009 барои хатмкунандаҳо таҷлил карда мешуд, ки бо номи "Занги охир" ё "Занги камолот" маъруф буд.
24 майи соли 2016 замони вазири маориф ва илми Тоҷикистон будани Нуриддин Саид Вазорати маориф тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш ( “аввал” ва “охирин”) дар мактабҳо манъ карда шавад. Дар пайи ин Вазорати маорифи Тоҷикистон анҷоми соли хонишро дар соли 2021 то 15-уми июн тамдид кард, ки ин вокунишҳои зиёди волидайнро дар пай дошт.
Дар пайи ин вокунишҳо Вазорати маориф таъйид кард, ки аз ин ба баъд дарсҳо дар Тоҷикистон барои мактабҳои миёна 1-уми июн ба охир мерасанд.
Минбаъд аз 3 то 19-уми июн имтиҳоноти хатми мактаб ва имтиҳонҳои ҷории мактабхонҳо баргузор мешаванд.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста