Дар Тоҷикистон браузери миллии мушобеҳ ба Google ва Яндекс - Dodaho роҳандозӣ шуд. Барои ба кор даровардани он таҳиягаронаш зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд. Миёни кишварҳои ИДМ танҳо Русия браузери миллиро дар ихтиёр дорад.
Таҳиягари браузер, омӯзгори филиали Донишгоҳи МИСиС дар Душанбе Файзуллоҷон Сафаров зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки фарқияти асосии он аз дигар браузерҳо дар он аст, ки Dodaho маълумот дар бораи корбаронро ҷамъоварӣ намекунад.
“Браузер аз аввали моҳи июн бо забони тоҷикӣ амал карда, як низоми худии ҷустуҷӯии насбшуда дорад ва истифодааш хеле осону одӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозира ин версия суръати баланди интиқоли маълумот, ҳадди ақали трафики интернет ва интерфейси қулайу бароҳат бо се забон дорад. Фарқияти асосии он аз дигар браузерҳо дар он аст, ки Dodaho маълумот дар бораи корбаронро ҷамъоварӣ намекунад... Google, Opera, Yandex сиёсати худро дошта, мо сиёсати худро дорем”, - гуфт Сафаров.
Суроға (истинод, ишора) ба боргирӣ (скачивание)-и Dodaho дар сомонаи smj.tj мавҷуд буда, насб ва истифодаи он бидуни ягон аккаунт имконпазир аст.
“Минбаъд дар нақша дорем, ки email-и худро боз кунем ва сипас бақайдгирии аккаунт имкон дорад”, - мегӯяд муаллифи он.
Таҳиягарон ба комёбии лоиҳа бовар дошта, мутамаинанд, ки маҳсулоти онҳо дар бозор корбарони худро пайдо мекунад.
“Ба муваффақ шудани лоиҳа ба мисли таҳиягарони шабакаҳои телевизиони нав, шабакаҳои иҷтимоӣ ё радиоҳо бовар дорем. Ҳама гуна маҳсулоти худӣ корбарони худро пайдо мекунад. Ҳамаи нозукиҳои кишвар ба мо нисбат ба ширкатҳои хориҷӣ беҳтар маълум буда, ҳалли ин мушкилот барои мо осонтар аст”, - изҳор мекунад Сафаров.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа бунёди майдон барои ақидаҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва робототехника мебошад, ки ба эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳолии кишвар равона шуда бошанд.
“Ин аввалин браузери версияи 1.0-и ширкат буда, хароҷоти мо зиёда аз 40 ҳазор сомониро ташкил дод. Минбаъд барои такмил то версияи 1.1 ва 1.2 боз 60 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карданием”, - изҳори назар кард аз нақшаҳояш Сафаров.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Файзуллоҷон Сафаров ҳамроҳи дастаи худ низомии миллии ҷустуҷӯии Dodaho-ро роҳандозӣ намуданд, ки ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза аз он аз 20 то 50 ҳазор нафар корбарон истифода мекунанд.




Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста