Ояндаи наздик Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин интизор аст.

Зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд, ки аз оғози соли 2021 то имрӯз дар Тоҷикистон номи 88 маҳаллаҳои аҳолинишин -  деҳаву шаҳрак ва ҷамоатҳо иваз шудаанд.

Охирин маҳаллаи аҳолинишине, ки номаш иваз шуд, ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мебошад, ки акнун “30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” номида мешавад.

Ғайр аз ин, ин маҳаллаи аҳолинишин мақоми ҷамоати шаҳракро гирифта, деҳаи Фақирободи ҷамоати мазкур “Обшорон” ном гирифт.

Ба гуфтаи раиси Раёсати ҳамоҳангсозии Кумита Ҷаъфар Мирзозода, ивазкунии номи маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буда, боз идома меёбад.

Мирзозода гуфт, ояндаи наздик як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ, аз ҷумла ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб ва ду шӯрои шаҳракҳои шаҳри Хоруғ табдили ном мекунанд.

“Ҳамаи номҳои номатлуб ва ҳамчунин маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо номи афроди ношинос номгузорӣ шудаанд, иваз карда мешаванд”, - иброз дошт ӯ.

Роҳбари Раёсати Кумита изҳор намуд, ки аз ҳама бештар номи маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд, ки бо шумули деҳаву ҷамоатҳо 38 ададро ташкил медиҳанд.

“Ғайр аз ин, ҳамаи марказҳои ноҳия бояд мақоми шаҳракро дошта бошанд. Ҳозир бошад, марказҳои маъмурии бархе аз ноҳияҳо то ҳол “деҳот” номида мешаванд. Дар назар аст, ки зерсохтори онҳо ба талаботи шаҳракҳо мувофиқ карда мешавад”, - гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки айни замон бо Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳои марбута номҳои нави иншооти ҷуғрофӣ мувофиқа мешавад. Сипас ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат ва парлумон пешниҳод мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.