Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.
Кумитаи дин бо истинод ба сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар медиҳад, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.
Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, зоирони дигари тоҷик солим буда, бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво, баъзеи онҳо «бо сабаби нӯшидани оби хунук ба бемориҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ба табиб муроҷиат мекунанд».
Инчунин гуфта мешавад, байни зоирини тоҷик то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба “COVID-19” ба қайд гирифта нашуда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик шароити хубе фароҳам аст.

Ёдрас мекунем, ки имсол 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мешаванд. Арзиши сафари ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шуд. Бозгашти ҳоҷиён ба Ватан рӯзи 17 июл дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2020 ва 2021 тибқи қарори мақомоти Арабистони Саудӣ, бинобар маҳдудиятҳои карантинӣ ба ҳаҷ рафтан ғайриимкон буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста