Донишҷӯ аз Тоҷикистон Абдуҳаким Абдусамадов беҳтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин дар Кипри Шимолӣ эътироф шуд. Медали махсусро ба ӯ шахсан президенти ин кишвар Эрсин Татар тақдим кард.
Абдуҳаким соли 2019 ба ин донишгоҳ дохил шуда, соли аввал тариқи онлайн таҳсил кард, лекин бо вуҷуди ин, донишҷӯи соли факултаи муҳандисии донишгоҳ дониста шуд.
Се соли минбаъда низ Абдуҳаким ба чунин унвон сазовор дониста шуда, имсол пеш аз хатм ба ӯ барои хониши аъло медали махсус супурданд.
Балли миёнаи CGPA-и ӯ 3.99 балл аз 4 балли имконпазирро ташкил дод.

Абдуҳаким Литсей барои кӯдакони болаёқат дар Душанберо хатм намуда, забони англисиро хеле хуб медонад.
Бобои Абдуҳаким академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Мунъим Абдусамадов мегӯяд, набераи аълохонаш охири моҳи июл диплом дар бораи хатми муваффақонаи EMU-ро ба даст мегирад.
“Минбаъд худаш тасмим мегирад, ки дар Тоҷикистон кор мекунад ё муддати чанд сол ба яке аз кишварҳои аврупоӣ таҷрибаомӯзи меравад. Хушнудам, ки дар Тоҷикистон боз як кадри муҳандисӣ пайдо шуд, ки барои рушди иқтисоди кишвар хеле зарур аст”, - иброз дошт академик.
Ба гуфтаи ӯ, ба Абдуҳаким ҳамасола барои хониши аъло дар ҳаҷми 2 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешуд, ки аз лиҳози моддӣ дастгирии хуб буд.
Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин (EMU) аввалини донишгоҳи давлатии Кипр буда, соли 1979 ба фаъолият оғоз намуд. Дар донишгоҳ 1100 омӯзгор аз 35 кишвари гуногун машғули кор буда, 17,5 ҳазор донишҷӯ аз 110 кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.



