Аз лиҳози шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия Тоҷикистон зинаи 5-умро ишғол намуда, айни замон дар макотибби олии ин кишвар 23 ҳазору 100 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.
Дар ин бора Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти намояндагии Россотрудничество дар Тошканд хабар медиҳад.
Дар зинаи аввал аз рӯйи ин нишондиҳанда Қазоқистон (61 ҳазор), зинаи дуюм - Ӯзбекистон (48,7 ҳазор), мақоми 3-юм - Чин (32,6 ҳазор) ва мақоми чорум - Туркманистон (30,6 ҳазор) ҷойгир шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, дар масъалаи қабули донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олӣ миёни кишварҳои хориҷӣ Русия пешсаф аст.
Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон 31 ҳазору 981 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Фарқият байни маълумоти “Россотрудничество”-и Ӯзбекистон ва Вазоратро дар бораи шумори донишҷӯён дар маркази матбуот чунин шарҳ доданд, ки “шояд дар маълумот он оморе бошад ки танҳо тибқи квота дохил шудаанд”.
“Омори мо аз донишгоҳҳо гирифта шудаанд, яъне ҳам квота, ҳам дар асоси созишномаҳо ва ҳам шартнома таҳсил мекардаҳо. Дар мо донишгоҳ ба донишгоҳ ва ҳатто ному насаби донишҷӯён ҳаст”, - гуфтанд дар Вазорат.
Дар зинаи дуюм аз лиҳози шумори донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ Чин (4 ҳазору 251 нафар) қарор дорад.
Шумори донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии дигар кишварҳои хориҷӣ тариқи зайл аст: ИДМ - Беларус (1 ҳазору 471 нафар), Қазоқистон (980 нафар) ва дар макотиби олии дигар кишварҳо - Туркия (745 нафар), ИМА (276 нафар), Украина (264 нафар), Лаҳистон (204 нафар), Малайзия (167 нафар) ва Ҷумҳурии Корея (162 нафар).
Айни замон дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҳамагӣ 46 нафар ва Ӯзбекистон - 42 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.




