Бинои асосии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод.
Ба таъкиди ректор, иншоот аз се бинои 9 ва 4-ошёна иборат буда, дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисӣ барои 1680 ҷойи нишаст ва ошхонаи замонавии дуошёна барои 600 ҷойи нишаст барои омӯзгорону донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.
«Ҳоло дар атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру ободонӣ идома доранд», - афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.
Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2017 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои асосии таълимӣ оғоз бахшида буданд. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳраки «Шифобахш», воқеъ дар хиёбони Абӯалӣ ибни Синои пойтахт ҷойгир мебошад.
Маблағи умумии сохтмони бинои асосӣ аз руи ҳисоби пешакӣ 85 ммлн 416 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Гуфта мешавад, ки дар бинои асосӣ толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳо, китобхона бо толори хониш, инчунин синфхонаҳои хурд пешбинӣ шудааст. Дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии бинокорӣ гузаштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста