Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод 14 июли соли 2022 хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ақди никоҳи 1 ҳазору 891 оила бекор карда шудааст.
“Аксари он, яъне 1 ҳазору 591 ақди никоҳ бо ҳалномаи суд бекор шуда, дар 298 ҳолат бо розигии тарафҳо, ки фарзанди умумӣ надоштаанд бекор шудаанд. Ҳамчунин дар асоси аризаи яке аз тарафҳо 14 ақди никоҳ бекор шудааст”, - гуфт Бунафша Раҳимзода.
Ба гуфти ин мақомдор, дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳи оилаҳо 2 ҳазору 212 нафар кӯдакони ноболиғ нимятим мондаанд. Аз ин шумор 2 ҳазору 150 нафари онҳо дар тарбияи модарон монда, 62 нафар дигар дар тарбияи падаронанд.
“Шумори бекоршавии ақди никоҳ дар қиёс ба 6 моҳи соли гузашта 381 ҳолат зиёд шудааст. Аз ҳама бештар бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 157 ҳолат, Кӯшониён - 167 ҳолат, Абдураҳмони Ҷомӣ - 124 ҳолат ва аз ҳама камтар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 7 ҳолат, Балҷувон - 12 ҳолат ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Раҳимзода.
Ба гуфтаи ин мансабдор, сабабу омилҳои бекор шудани ақди никоҳ гуногунанд ва яке аз сабабҳои асосӣ надонистани маърифати оиладорӣ аст, ки “баҳри пешгирӣ бояд ба тарбияи маърифати оиладорӣ бештар аҳамият диҳем”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста