Душанбе, 6 июли соли 2022 – дар доираи Барномаи рушди деҳот II-и Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/“Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”-и GIZ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) барои мусоидат ба дастрасӣ ба захираҳои об дар асоси тақсимоти одилонаю устувор ва истифодаи он аз ҷониби тарафҳои гуногуни манфиатдор шартнома ба имзо расонид.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ташаббуси муштараки лоиҳа “Гурӯҳи кории техникӣ оид ба ислоҳоти об дар Тоҷикистон” мусоидат мекунад, ки дар он БРСММ ҳамчун шарики иҷрокунанда Вазорати энергетика ва захираҳои обро (ВЭЗО) дар пешбурди ислоҳоти бахши об дастгирӣ мекунад. Ин иқдом на танҳо мавҷудият ва истифодаи устувори захираҳои об ва беҳдоштро таъмин мекунад, балки ба дараҷаи муайян ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии мардум ба ғизои босифат мусоидат мекунад.

Шарикӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои зерин тамаркуз хоҳад кард:
• Ҳамкорӣ дар беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии донишҳо дар бахши об байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар бахши об;
• Афзоиши огоҳӣ аз раванди ислоҳот дар Тоҷикистон ва ҷалби Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об;
• Ҷалби кормандони ВЭЗО дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи ислоҳоти бахши об;
• Такмил ва рушди заминаи ҳуқуқии ислоҳот;
• Тақвияти истифодаи равиши ҳамгирошудаи идоракунии захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои гендерӣ, инчунин ҳалли масоили банақшагирӣ, идоракунии хавфҳо дар бахши об ва молия;
• Ҳамгироии сиёсатҳои марбут ба об, иқлим, энергия, озуқаворӣ ва гуногунии биологӣ тавассути равиши об-озуқаворӣ-энергия-экосистемаҳо (WEFE Nexus).
Ҳамин тариқ, Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER таҳкими доимии иқтидори ВЭЗО-ро дар татбиқи ҳадафҳои дар боло зикршуда таъмин намуда, Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро бо таваҷҷӯҳи махсус ба захираҳои об ва таъмини амнияти озуқавории аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста