Интизор меравад, рӯзҳои наздик, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар бархе аз манотиқи кишвар то +47 дараҷа боло равад. Дар ин бора Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар асоси пешгӯии ин ниҳод, рӯзҳои 18-20 июл хориҷ кардани ҳавои гарм ба қаламрави Тоҷикистон бештар шуда, дар натиҷа ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳо ва водиҳо 39—44 дараҷа ва дар навоиҳои гирду атрофи ҷануб (тақрибан 10 ноҳияи вилояти Хатлон, аз чумла Шаҳритус, Панҷ, Фархор ва ғайра) ҳаво то 45—47 дараҷа гарм мешавад.
- Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат низ то +35+40 дараҷа гарм шуда, дар ҳамин ҳал аз 15 то 18 июл дар ноҳияҳои баландкуҳи кишвар, ба ғайр аз ноҳиҳои шаркии ВМКБ омадани сели пирях имконпазир аст,- иттилоъ медиҳад КҲФ.
Тавсияҳои муфид барои ҳифзи саломатӣ аз гармӣ
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки бар асари обшавии барф болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст ва аз ин рӯ, аҳолиро мебояд, ки тавсияҳои зеринро риоя намоянд:

- бе эхтиёҷоти махсус шаҳравандон аз соати 11 то 17 ба кӯча набарояд. Агар ба шумо ба ҳар ҳол лозим аст, ки берун равед, пас беҳтар аст, ки либосҳои барҳавои равшани аз матоъҳои табиӣ духташуда, кулоҳҳои сабук пӯшед ва албатта бо худ оби бегаз гиред. Дар кӯча беҳтар аст, ки дар соя бимонед ва давра ба давра ба мағозаҳо ё ҳуҷраҳои кондитсионердор ворид шавед;
- барои муҳофизат аз беобмонии бадан (обезвоживания) шумо бояд дар як рӯз ҳадди аққал 2-3 литр моеъ бинӯшед;
- нӯшидани машрубот, аз ҷумла пиво, инчунин нӯшокиҳои гуногуни газдори ширин тавсия дода намешавад, ки онҳо на танҳо ташнагиро мешиканад, балки равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар организм суст мекунанд;
- хӯроки сабук истеъмол кардан лозим аст: сабзавот, меваҳо, моҳии судак ва мурғ, шӯрбоҳои хунук ва окрошка. Тавсия дода мешавад, ки аз хӯрокҳои равғанин, бирён ва ширин паҳрез кунед;
- дар ҳуҷрае, ки кондитсионер дорад, тавсия дода намешавад, ки ҳарорати ҳаво аз +22+23 дараҷа паст карда шавад;
- дар гармӣ бояд ба кӯдакон диққати махсус дода шавад. Ҷисми кӯдак ба ҳарорати баланд ҳассостар аст.
- махсусан, ҳангоми истироҳат ва оббозй эҳтиёткор будан, дар назди дарьёҳо, каналҳо, ҳавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста