Дар даъвати имсолаи баҳорӣ 2 ҳазору 333 хатмкунандаи макотиби олии кишвар ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 19 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, бештари онҳое, ки ба сафи артиш пайвастанд, хатмкунандагони риштаи ҳуқуқ мебошанд.
Саидзода афзуд, ки тасмими пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм ва пайвастан ба артиш аз ҷониби худи хатмкунандагон сурат гирифтааст.
"Тибқи қонуни нав онҳое, ки мехоҳанд, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд, бояд хизмат намоянд. Вазифаи муқаддаси ҳар як шахс аст ва ҳар як кас бояд хизмат кунад. Замоне ки ман донишҷӯ будам, баъди курси якум рафтам, ду сол хизмат кардам. Ин мактаби мардонагӣ аст ва ҳар як мард ин чизро бояд гузарад”, - афзуд вазири маориф.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси як мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати маориф ва илм ба хатмкунандагони макотиби олӣ иҷозат дод, ки имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ихтиёран ба артиш раванд.
Далели пас аз имтиҳонҳо ба хидмат бурдани ин афрод он аст, ки онҳо пас аз супурдани имтиҳоноти хатм соҳиби маълумоти олӣ ҳисоб мешаванд ва тибқи қонун як сол хидмат мекунанд.
Он замон бархе коршиносон мегуфтанд, ки интизор меравад бо баҳонаи мактуб донишҷӯён, махсусан хатмкунандагонро иҷборан ба артиш ҷалб намоянд.
Воқеан, баъди ирсоли ин мактуб дар даъвати ҳарбии баҳорӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста