Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, дар робита ба қазияи рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, ки бештарашон ба ифротгароӣ ё ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар кишвар гумонбар мешаванд, ташхиси диншиносӣ надодааст.
Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, имрӯз, 25 июл дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки қазияи журналистони боздоштшуда Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хусусияти динӣ надорад ва онҳо дар робита ба ин қазияҳо ташхиси диншиносӣ надодаанд.
- Аз ВАО аз қазияи журналистон бохабар гардидем. Ин масъалае, ки марбут ба рӯзноманигрон ҳаст, хусусияти динӣ надорад, аз ин рӯ ба Кумитаи дин барои гузаронидани ташхиси диншиносӣ ягон мавод нисбат ба шахсони номбурда (Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, дар назар аст-шарҳи муаллиф) муроҷиат нашудааст”, - гуфт Ваҳобзода.
Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ифротгароӣ танҳо дар самти динӣ нест ва ҳар нафаре, ки ба ифротгароӣ мутаҳҳам мешавад, набояд ҳатман аз ташхиси диншиносӣ гузарад.
- Агар навиштаи ҳар кас, ки дар муҳтавояш адабиётҳои динӣ ё мафҳумҳои динӣ истифода шуда бошад, дар ин сурат ба Кумитаи дин барои гузаронидани ташхиси диншиносӣ муроҷиат карда мешавад ва мо ташхиси диншиносӣ медиҳем, - гуфт Давлатзода.
Надодани ташхсиси диншиносӣ аз ҷониби Кумитаи дин дар қазияи рӯзноманигрони боздоштшуда дар ҳолест, ки бештари онҳо ба ифротгароӣ ё ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гумонбар мешаванд.
Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.
Шоми 8 июл Завқибек Саидаминӣ ва рӯзи 9 июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд. Завқибек Саидаминӣ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда, бар зиддаш бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷинотяӣ боз шудааст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Қаблан, Додситонии кул гуфта буд, ки Абдусаттор, 9 июл аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои итоат накардан ба талаботи корманди пулис дастгир шудааст.
Ҳамчунин, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав - 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.
Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.
Рӯзи 19 июли соли равон Вазорати корҳои дохила гуфт, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.
Наздикони боздоштшудаҳо иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳарактаҳои мамнӯъ дар кишварро рад мекунанд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста