Дар ҳудуди маҳбасхонаи №123-и шаҳри Нижний Тагил масҷид кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Саидзода иштирок кард.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз консулгарии мазкур хабар доданд, рӯзи 21 июл Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Нижний Тагил сафар карда, дар он ҷо бо сардори Муассисаи давлатии федералии «Колонияи ислоҳӣ-12» полковник Алексей Павлов, муовини прокурори ш.Нижний Тагил оид ба назорати риояи қонунҳо дар колонияҳои ислоҳӣ Марат Зокиров мулоқот намуд.

“Дар ҷараёни мулоқот бо онҳо масъалаҳои ҳамкории судмандро оид ба масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн мавриди баррасӣ қарор дод”, - зикр мешавад дар хабар.
Сипас Зафар Саидзода дар маросими ифтитоҳи масҷид дар ҳудуди Колонияи ислоҳии рақами 12-и ш.Нижний Тагил, ки калонтарин маҳбасхонаи Россия мебошад, иштирок ва суханронӣ намуда, бо шаҳрвандони тоҷикистонии ба маросими тантанавӣ аз ҷумлаи маҳбусони муъмин даъватшуда суҳбати самимӣ дошт.
Муовини сарвари Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия Денис-ҳазрат Мустафин, раиси Идораи динии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин, епископи православии Нижний Тагил ва Невянск Феодосий, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск Татьяна Мерзлякова ва муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров низ дар маросими ифтитоҳи масҷид иштироку суханронӣ карданд.

Ёқубҷон Умаровро барои саҳми назаррасаш дар ҷодаи идома ёфтани суннату анъанаҳои эҳсонкорӣ, ҳомигию хайрнамоӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангии дини мубини ислом Денис-ҳазрат Мустафин бо Сипосномаи сарвари Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия, узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия, муфтии шаҳри Москва Албир-ҳазрат Крганов сарфароз гардонд.



