Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик ва ҳамсари Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асари беморие, ки дошт, имрӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Наздикони дӯстони ин хонавода бо нашри изҳори тасаллият аз Ҷунайд Ибодов ба сифати як шахсияти нек ва ҳуқуқшиноси варзида ёдовар шудаанд.
Гуфта мешавад, ки сабаби даргузашти марҳум бемории сактаи қалб аст.
Ҷунайд Ибодов аз камтарин ҳуқуқшиносони саршинос буд, ки дар ҳалли қазияҳои душвори судӣ, ки бештарашон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуоту журналистика рабт доштанд, ба сифати ҳомии ҳуқуқ ширкат мекард. Ҳамкасбонаш аз ӯ ба сифати як ҳуқуқшиноси донишманду таҷрибадор ёдоварӣ мекунанд.
Ҷунайд Ибодов шавҳари ҳуқуқшиноси номвари тоҷик Ойниҳол Бобоназарова буд. Дар суҳбатҳо аз ҳамсари машҳураш бо ифтихор ёд мекард.
“Азбаски ману ҳамсарам Ойниҳол Бобоназарова ҳамкасбем, китобҳову ҳафтаномаҳоро ҳамроҳ мехонему баррасӣ мекунем. Бо бонуи ҳуқуқшинос зистан, ба ақидаи ман, шараф аст. Ман ба Ойниҳол ҳам дар корҳои хона ва ҳам дар фаъолияти касбиаш мадад мерасонам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамсари азизам руҳан осуда бошад. Саодати зиндагӣ дар ҳамдилию ҳамфикрист”,- гуфта буд ӯ дар яке аз суҳбатҳо.
Ҷанозаи Ибодов, имрӯз, соати 17:30 дар масҷиди марказии деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста