Бо мақ сади саҳмгузорӣ дар рушду инкишофи соҳаи сохтмону саноат ва дар доираи тарғибу ташвиқи солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 4, 5 ва 6-уми августи соли 2022 дар Маҷмааи варзишии «МАНЕЖ»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТаҷБилд» дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Намоишгоҳ ният дорад, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дӯстонаву корӣ миёни ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ заминаи мусоидро фароҳам оварад. Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизотҳои махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта мешавад.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи ширкати «ТаҷБилд» таҳти роҳбарии Алиҷон Кадиров ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Яке аз мақ садҳои асосии баргузории намоишгоҳи мазкур ҳамкориҳои нав ва дастгирии бевоситаи корӣ дар соҳаи савдо миёни ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ дониста шуда, дар ин замина муаррифии маҳсулотҳои сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ баҳри бозори маҳаллӣ дониста мешавад.
Ҳамзамон бо ин ташкили ассотсиатсияи пешбари ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи сохтмон яке аз мақ садҳои дигар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дониста мешавад. Аъзои Ассотсиатсияи ширкати Таҷбилд («TajBuld») будан, ин яъне беҳтарин пешниҳоди соҳаро аз дасти аввал ба даст овардан аст. Роҳбарияти Ассотсиатсия роҳҳои асосии дастрасӣ ба маҳсулоти босифатро барои ҳар як ширкат ва аъзои он пешниҳод менамояд. Таҳлили маҳсулоти бозор, назорат ва имзои шартномаи тарафайн ва расонидани маҳсулот то харидор аз ҷумлаи вазифаҳои дигари минбаъдаи ширкат дониста мешавад.
Дар намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «Таҷбилд» кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Ислмоии Эрон ва албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сохтмонии худро ба намоиш мегузоранд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо намояндагӣ аз маҳсулоти худ иштирок менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии «ТаҷБилд» аз 6 қисмат; маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад.
Шарики асосии чорабинӣ-Ширкати сохтмонии «Строй Центр» буда, ҳамзамон моро Обҳои ташнашикани «Сиёма», ҶСП «Душанбе Сити Бонк», Ширкати миллии НЕТС. ТҶ, “Азия-Плюс” ва Ширкати полиграфии «Мастерпринт» шарик ҳастанд. Маврид ба зикр аст, ки баргузории намоишгоҳи мазкур баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки амалишавии он идома дорад ва марҳилаи якуми он то соли 2025-ро дар бар мегирад, амри воқеист.
«TajBuld» - вожаи Намоишгоҳи мо дар тақвияти чунин намоишгоҳи ҳамсон дар кившарҳои хориҷӣ, ба монандаи UzBuld (Ӯзбекистон) MosBuld (Москва, Федератсияи Россия), ки солиёни зиёд доир мегардад, гирифта шуда, ягона майдонест, ки маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи сохтмонро муаррифӣ менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста