Ҷасади Маҳинбону Ҳафизоваи 26-сола, зане ки дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сорбоғи ноҳияи Рашт партофта буд, имрӯз, 24 август ёфт шудаст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як хабар дар ин бора гуфтааст, ки ҷасади Маҳинбонуро дар дарёи Сорбоғ, 5 км поинтар аз деҳаи Поҷеи Болои минтақаи Рашт пайдо кардаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки Маҳинбону Ҳафизова рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд.
“Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт карданд ва барои ба худкушӣ расондани ҳамсар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд”, - гуфтааст КҲФ.
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 адад кам аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.
Мақомот ин иддаоро рад карда, худкушии занону духтаронро бештар ба бемории рӯҳӣ рабт медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста