Намоиши фарҳангии Тоҷикистон, ки аз 20 то 26 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена баргузор мегардад, ба ҳунармандони тоҷик имкон медиҳад, маҳсули меҳнати худро ба хориҷиён муаррифӣ кунанд. Дар ин бора ба “Asia-Plus” Нигина Икромӣ, директори генералии ҶДММ “Деҳаи гулзор”, ки фаъолияташ ба рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, иттилоъ дод.
Тавре Даниэла Либервирт, роҳбари лоиҳа зикр кард, намоиши мазкур дар доираи ташкили чорабиниҳо оид ба рушди табодули фарҳангӣ миёни Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Кафқоз баргузор мегардад.
Таъкид мегардад, ки ҳунармандон аз гӯшаву канори Тоҷикистон метавонанд ба Вена сафар карда, фарҳанги бойи тоҷикро муаррифӣ кунанд. Ташкилкунандаи намоиши мазкур ассотсиатсияи “Kulteurasia” буда, сарфу харҷи сафари ҳунармандон ба Австрия ба зиммаи шаҳрдории Вена мебошад.

Дар назар аст, ки зимни намоиш, ғайр аз маҳсули эҷоди ҳунармандон, ҳамчунин мусиқии миллӣ, аз ҷумла шашмақому фалак ва либосҳои аз атласу адрас омодакардаи тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов муаррифӣ карда шаванд.
Тазаккур дода мешавад, ки яке аз самтҳои муҳимми чорабинӣ Бадахшони Тоҷикистон хоҳад буд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мутасаддиёни намоиш барои пайдо кардани ҳунармандони арзанда ба гӯшаву канори кишвар сафарҳо анҷом дода, ҳунармандони арзандаро интихоб намуданд.

Ассотсиатсияи “Kulteurasia” соли 2007 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он муаррифии фарҳанги бой, анъанаҳои минтақа, таблиғи фарҳанги муосир, инчунин тақвияти ҳамкорӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак бо фарҳангиёни маҳаллӣ мебошад.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста