Умари Шерхон, адиб ва журналисти тоҷик, пешниҳод намудааст, ки “барои тоҷикӣ кардани исломи арабишудаву мазҳаби арабпарастон, бояд дар ҳар масҷид 1 шоири номӣ, 1 нависандаи халқӣ, 1 барандаи медалу ордену ҷоизаи давлатӣ, пеш аз ҳар намоз, ақаллан 5-6 дақиқа микрофонро ба даст гирифта, роҷеъ ба таъриху тамаддуни тоҷик суҳбат кунад...”.
Дар робита ба ин пешниҳод, ки дар ҳафтаномаи “СССР” интишор шудааст, рӯҳониён ва аҳли зиё андешаи мухталиф доранд. Баъзеи онҳо аз ҷалби аҳли зиё ба масҷид барои суханронӣ истиқбол кунанд, чандеи дигар беҳтар мешуморанд, ки кори масоҷид ба зиммаи рӯҳониён гузошта шавад.

“Аз ин минбар бояд истифода кард”
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зикр мекунад, ки аҳли зиё пайваста масоили тарғиби худшиносиву ватандӯстиро баррасӣ мекунад ва дар ин самт аз минбарҳои гуногун истифода менамояд, вале дар баробари ин, ӯ аз имомхатибони масоҷиди кишвар ҳамчун “шахсиятҳои шинохта, аз таъриху фарҳанги тоҷик огоҳ ва ватандӯсту миллатдӯст” таъриф карда, мегӯяд, ки “агар домуллоҳо маърӯза кунанд беҳтар аст”.

“Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи фаъолияти худ тавассути ҳама гуна минбарҳо ин корро анҷом дода истодааст, аммо агар ҳамин гуна тасмиме гирифта шавад, мо ҳамкорӣ мекунем. Як минбари дигар мешавад, барои тарғиби худшиносиву ватандӯстӣ ва ормонҳои милии мо”, - иброз намуд Низом Қосим.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карда, танҳо гуфт, ки “агар ин кор ба манфиат бошад, бояд истифода кунем”.

“Кори масҷид ба мулло вогузор гардад”
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ин маврид мегӯяд, “ходимони дин дар масҷидҳо кори худро анҷом дода истодаанд ва дар мавъизаҳои намози ҷумъа роҷеъ ба масъалаи худшиносии миллӣ низ суҳбатҳо мешаванд”. Аз ин лиҳоз, ба андешаи ӯ, ҷалби аҳли зиё ба масоҷид барои мавъиза зарур нест.
“Бояд дар назар дошт, ки мухотаби ходимони дин барои намозгузорӣ ба масҷидҳо меоянд. Аз ин лиҳоз, хуб аст, ки кори масҷид ба мулло вогузор шавад”, - мегӯяд Афшини Муқим.
Ҳамзамон, ӯ пешниҳод дорад, ки “аҳли зиё ва ҳунармандон дар марказҳои фарҳангию тафреҳӣ мардумро ҷамъ карда, сӯҳбату вохӯриҳо баргузор кунанд беҳтар аст”.

Гуфтан ҷоиз аст, ки имомхатибони масоҷид қабл аз намозҳо вобаста ба масоили гуногуни диниву мазҳабӣ суханронӣ карда, ба саволҳои пурсидашуда посухҳо медиҳанд. Ҳар ҳафта як маротиба, дар намозҳои ҷумъа бошад, имомхатибон дар асоси мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таҳияву ирсол мешавад, “амри маъруф” мекунанд.
Рӯйхат дар баробари мавзӯъҳои диниву ахлоқӣ, ҳамчунин мавзӯъҳои хатари ифротгароии динӣ, зарурати ҳифзи сулҳу субот, масъулияти падару модар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳифзи Ватан, низоми дунявият ва зарурати ҳифзи ин низом, шинохти хатару таҳдидҳои минтақа ва зарурати мубориза барои ҳифзи марзу бумро фаро мегирад. Имомхатибон масъуланд, ки дар мавъизаҳои худ аз ин мавзуҳо истифода кунанд ва дар доираи он сӯҳбат намоянд.




Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2026
Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста