Дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Ӯзбекистон дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) рӯзи 31 август дар мавзӯи “Иқтидори рушди ҳамкориҳои байнисарҳадӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ аз ду кишвар иштирок доранд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон ҳусни оғоз бахшид.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки мизи гирди имрӯза идомаи чорабиниҳои амалӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва самаранок истифодабарии табиат, ки 2 июни соли 2022 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ш. Тошканд ба имзо расида буд, ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон доир ба ташрифи мутахассисони тоҷику ӯзбек ба кишварҳои ҳамдигар ишора гардид. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро бо таҷрибаи кишвари ҳамсоя дар самти идоракунии партовҳо ошно шуданд.
Мутахассисони ӯзбекистонӣ давоми рӯзҳои 4 то 11 майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварда, бо вазъи мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ, мамнуъгоҳи “Даштиҷум”- н.Ш. Шоҳин, парваришгоҳи “Хуталон”-и н. Данғара ва аз н. Дарвоз ошноӣ пайдо карданд.

Намояндаи и Ӯзбекистон Б. Маҳмудов зимни суханронӣ қайд намуд, ки кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои якчанд конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар ҳастанд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош намоем. Ба натиҷаҳои назаррас танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон ноил гашт.

Пас аз маросими муқаддимавӣ мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекистониашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои барои ҳамкориҳои байнисарҳадӣ изҳори назар намуданд.
Ёдрас мешавад, ки дар идомаи сафари кории меҳмонон, ки аз 31 август то 3 сентябр идома мекунад, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба парки табиӣ таърихии Ширкент сафар карда, меҳмононро бо ҳолати парки Ширкент ошно мекунанд.



