Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби гирифтани гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ватанро ба баҳс кашиданд.
Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:
Барои сафар ба хориҷа иқомат дар он ҷо ва бозгашт ба Ватан кадом шиноснома лозим аст?
- Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафари хориҷа, истиқомати доимӣ дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- шиносномаи дипломатӣ, аз он ҷумла шиносномаи дипломатии дорои маълумоти электронӣ;
- шиносномаи хизматӣ, аз он ҷумла шиносномаи хизматии дорои маълумоти электронӣ;
- шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ, аз он ҷумла шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии дорои маълумоти электронӣ;
- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъди қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷиши муқарраршуда, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шиносномаи хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешаванд. Шиносномаи хориҷӣ дар асоси маълумоте, ки дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаи хориҷии шаҳрванди ноболиғ, дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
Оё то ба анҷом расидани муҳлати шиноснома онро иваз кардан мумкин аст?
То ба итмом расидани мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, иваз намудан ва додани шиносномаи хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- дар мавриди тағйир ёфтани мақоми хизматии соҳиби шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
- дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;
- дар мавриди фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
- дар мавриди гум шудани шиноснома;
- дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном ва номи падар;
- дар ҳолати гирифтани шиносномаи дуюм.
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан чист ва аз ҷониби кӣ дода мешавад?
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.
Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Барои гирифтани шаҳодатномаи бозгашт кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кард?
Шащодатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- аризаи муроҷиаткунанда;
- маълумотномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;
- ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ва ғ.ҳ.
- 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).
Агар муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои зеринро надошта бошад чӣ?
Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикршуда, корманди масъули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд.
Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа, пас аз муайян кардани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.
Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноии дар мўҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста