Ӯ ин дастурро имрӯз, 1 сентябр зимни суханронии хеш дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ироа кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин тасмим бо мақсади “ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот” ҷорӣ мегардад.
Сардори давлат ҳамчунин, афзуд, “гузариш ба имтиҳонҳои ҷории тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамаҷониба баррасӣ гардад”.
Тибқи маълумоти ироакардаи президент имрӯз, яъне 1-уми сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.
Норасоии муаллимон дар мактабҳо
Яке аз масъалаҳои дигаре ки дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд, ин норасоии кадрии омӯзгорон дар мактабҳои кишвар буд.
Роҳбари давлат иттилоъ дод, ки то имрӯз, дар мактабҳои кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8 августи соли равон Вазорати маориф ва илм хабар дода буд, ки норасоии кадриро дар кишвар аз 3 ҳазору 406 нафар ба 544 кас расониданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани ситоди Вазорати маориф ва илм оид ба таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон, ки 12 июл ба кор оғоз намуда буд, эҳтиёҷ ба омӯзгорон паст фароварда шуд. Вале маълум мешавад, ки норасоии омӯзгорон то ба ҳол ҳал нашудааст.
Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм ва дигар масъулин супориш дод, ки “масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳаллу фасл намояд”.
Масъалаи норасоии кадрӣ дар мактабҳои кишвар яке аз мавзӯъҳои доғе аст, ки чанд соли охир дар расонаҳо баҳс мешавад. Вазирони пешин ва ҳозираи маориф гуфта буданд, ки чунин мушкилӣ дар кишвар ҷой дорад, вале аз он набояд фоҷеа сохт. Вале ҷомеа аз норасоии кадрии омӯзгорон танқисӣ мекашад ва шоҳидони ҳол ҳам мегӯянд, ки бештари омӯзгорон тарки соҳа набуда, ба муҳоҷират мераванд.
Дар ҳамин ҳол, худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста